Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар маҳфили адабӣ, ки ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, шоирону нависандагон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстдорони каломи бадеъ, сарояндагон, оҳангсозон, устодони санъат, чеҳраҳои нави саҳнаи ҳунар ва устодону донишҷӯёни консерватория иштирок намуданд.
Нақши арзандаи ашъори шоир дар баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву меҳандӯстии наврасону ҷавонон таъкид гардида, баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ дар рушди маънавиёти мардум муҳим арзёбӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, Вазорати фарҳанг бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон баргузории маҳфилҳои адабиро ташкил намуда, ба ин васила дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносии шаҳрвандон саҳм мегузорад ва мардумро ба дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги он, таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри осудагии мамлакат ҳидоят менамояд.


Меҳмонони маҳфил иброз доштанд, ки Камол Насрулло аз идомадиҳандагони муваффақи мактаби адабии устод Лоиқ Шералӣ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоти миллӣ, Модар- Ватан, забону таърихи тоҷик, ваҳдату рафоқат, муҳаббату садоқат ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст.
Камол Насрулло аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат мутарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, шеърҳои тозаэҷодашро, ки муҳтавои онҳо аз шукрона аз соҳибватан будан, пойдории сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо иборат буд, қироат намуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки нахустин ашъори Камол Насрулло соли 1967 дар матбуоти даврӣ, баъдан дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011), «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007), «Гулхани гул (2013) ва ғайраҳо ба нашр расида, бо мазмуну муҳтавои баланд ва сабку услуби хосса писанди хонандагон гардидааст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






