Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Иван Кубраков баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилона, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ, роҳҳои муассири мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткориҳо баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки барои рушди ҳамкорӣ дар самти муборизаи якҷоя ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Оид ба ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукоб қарордошта, табодули маълумот, таъмини амнияти иттилоотӣ ва суботу осоиштагӣ дар ҷомеа ҷонибҳо мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Иван Кубраков изҳор кард, ки ҳамагуна пешравиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, рушди ҷомеа ва давлат танҳо дар ҳолате мумкин аст, ки дар ҷомеа тинҷиву амният ва осоиштагӣ таъмин бошад.

Ҷонибҳо аз баргузор гардидани мулоқот дар сатҳи ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин мулоқотҳо барои ҳар ду ҷониб муфид мебошад.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду мамлакат омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати идома додани ҳамкории судманд бо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳури Беларус тасдиқ карданд.
Зимни сафари кории ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Иван Кубраков дар Тоҷикистон боздид аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Маркази мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар назар дошта шудааст.
Дар баробари шиносоӣ бо фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ, меҳмонон ҳамчунин ба тамошои «Кохи Наврӯз», «Майдони Исмоили Сомонӣ», «Боғи Нишон ва Парчами давлатӣ», маҷмааи «Истиқлол» ва Неругоҳи барқии обии «Норак» мераванд.
Акрам САНГЗОДА,
Зоҳири ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






