Дар Душанбе муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ гардид

Июль 3, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федералии корҳои хориҷии Швейтсария Инясио Кассис мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни суҳбат мавзуъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии ҷумҳурӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи саноат таъкид гардид.

Аз ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор изҳори қаноатмандӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд