Дар Ҳисор варзишгарони имконияташон маҳдудро барои сазовор гаштан бо медалҳои тилло ва нуқра қадрдонӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Панҷ нафар варзишгари имконияташон маҳдуд аз шаҳри Ҳисор дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба вазнбардорӣ, ки аз 15 то 20 июли соли равон дар шаҳри Уст-Каменагорски Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, бо медалҳои тилло ва нуқра ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Варзишгарону волидони онҳо дар фазои тантанавӣ бо «Сипоснома» ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Варзишгарон- дастпарварони Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокирови шаҳри Ҳисор мебошанд. Мизробиддин Олимови 16-сола дар вазни 52 кг бо бардоштани вазни 80 кг ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло, Ҳабибулло Ҳафизови 38 –сола дар 68 кг бо бардоштани вазни 120 кг ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло, Сунатулло Холови 15-сола дар вазни 60 кг бо бардоштани вазни 65 кг соҳиби медали нуқра, Фатҳиддин Аҳмадови 16 –сола дар вазни 68 кг бо бардоштани вазни 90 кг соҳиби медали нуқра ва мураббии Мактаби варзишии шаҳр Мирзобобур Насриддинов дар вазни 95 кг бо бардоштани вазни 140 кг соҳиби медали нуқра гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






