Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ, дар баробари дигар корҳои созандагию ободонӣ, ҳамзамон дар самти ба танзим даровардани партовҳои сахти маишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамин аст, ки дар давраи 2 соли охир дар кӯчаҳои асосӣ ва паскӯчаҳои шаҳр 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷоияи ҳокимияти шаҳр хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар заминаи лоиҳаи «Таҳкими устувор тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» давоми 2 соли охир дар 13 маҳаллаи шаҳри Хоруғ 15 партовгоҳи муосир бо 60 қуттии калон сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон барои сари вақти ҷамъоварӣ намудани партовҳо як нақлиёти боркашонии «Дулан» харидорӣ карда шуд. Давоми нимсолаи дуюми соли равон сохтмони боз 5 партовгоҳи муосир дар назар буда, як нақлиёти дигари партовҷамъкунӣ низ харидорӣ гардида, ба Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ супорида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






