Дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар натиҷаи бориши зиёди борон сел омад, ки ин офати табиӣ боиси хисороти молию ҷонӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 13 июли соли равон, соати 17:15 дар ҳудуди деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад. Сел қитъаи боғи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа ва манзилҳои истиқоматиро зери об монда, дар натиҷа як сокини 58-солаи ин деҳа ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин, 13 июл, соати 17:10 дар ҳудуди деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ омадани сел боиси баста шудани роҳи байнидеҳаҳо гардид. Ҳамин рӯз, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ, роҳ аз деҳаи Пинён то деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё пурра аз лойқа тоза гардида, ҳаракати нақлиёт барқарор шуд.
Боришоти шадид дар Ҷамоати деҳоти Косатарош, Шинг, Лоиқ Шералӣ ва Воруи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд низ дар ин рӯз боиси омадани сел гардид, ки дар натиҷаи он ба роҳҳои маҳаллӣ, заминҳои кишоварзӣ ва хатҳои барқ осеб расид.
Илова бар ин, соати 18:20 бар асари боришоти шадид дар деҳаи Падроғи Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сел омад. Дар натиҷа сел 200 метр заҳбур, 50 гектар замини кишоварзӣ, 10 гектар замини картошка ва 200 метр роҳи маҳаллӣ зери об монд.
Бояд гуфт, ки барои расонидани ёрии амалӣ гурӯҳи корӣ иборат аз 15 нафар аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои наҷот, дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маҳалҳо комиссияҳои фавқулода фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки то 15 июли соли равон Дар мамлакат эҳтимоли сар задани сел, лағзиши сангреза, боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.
Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ин рӯз аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, эҳтиёткор бошанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд






