Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
ДАНҒАРА, 20.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар шаҳраки Данғара бо усули «Маҳал ба маҳал», «Деҳа ба деҳа» бо сокинони ноҳия оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин риояи анъана ва ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мулоқоту суҳбатҳо баргузор карданд.
Зимни баргузории вохӯрию суҳбат аз ҷониби занони фаъол, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ ташкил гардид. Дар намоиш ҳунарҳои миллӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ, попурӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ аз ҷониби тарроҳону чеварон ва ҳунармандони деҳаҳои Ғиҷовак ва Паркамчӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар мулоқоту суҳбат бо сокинон, муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода таъкид кард, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти пурсамари занону духтарон, алалхусус бонувони хонашин тамоми шароит ва имконияти аз худ намудани касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст.
«Занону духтарони мо, ки болоравии сатҳи зиндагӣ ва маънавиёти оила аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҳунар омӯзанд ва ба фарзандон низ дар омӯзиши касбу ҳунар кумак расонанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо занони ҳунарманд дар хона истода, ба ҳунарҳои мардумӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд»,- афзуд номбурда.
Дар суҳбат занони ботаҷриба оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлӣ, аз он рӯёндани ду-се ҳосил, фоидаи ба дастовардаашон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва захираашон барои зимистон нақл карда, дар ин хусус ба дигарон тавсияҳои муфид доданд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд, ки ин тадбирҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид гузоштанд. Ҳамчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва аз пардохти андоз озод намудани маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда аз тадбирҳои навбатии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
АКС: МИҲД ноҳияи Данғара








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






