Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Имрӯз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» бо иштироки ҳайати роҳбарият, кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзалият групп», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи муассисон ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар корхонаҳои саноатии номбурда баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб вобаста ба низоми давлати демократию дунявӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ, доштани мавқеи устувори сиёсӣ, вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар ин замина иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, пешгирӣ аз хурофот, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷомеа ва нақшу мақом ва масъулияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин росто ибрози андеша намуданд. Инчунин вобаста ба мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки 9 марти соли равон баргузор шуд, суҳбат намуданд.
Дар ҷаласа тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳизбӣ, таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзалият Групп» якдилона дастгирӣ карда шуд. Як гурӯҳ кормандони корхонаҳои саноатии мазкур ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуда, шаҳодатномаҳои онҳо тақдим гардид.
Вобаста ба номгузории ташкилотҳои ибтидоӣ дар ин корхонаҳо, интихоби роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар маҷлис гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли равон аз таъсисёбии он сӣ сол пур мешавад, дар фазои сиёсии ҷомеаи ҷумҳурӣ мавқеи меҳвариро касб намудааст.
Барномаҳои ҳизб фарогирӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ буда, дар татбиқи самтҳои он ташкилотҳои ибидоии ҳизбӣ нақши калидӣ доранд. Бо татбиқи самараноки ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавӣ обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз афзун гардида истода аст.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






