Дар Сеул густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои молиявии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо роҳбари Хадамоти назорати молиявии Ҷумҳурии Корея Ли Бокхюн мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2017 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият дошта, Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок менамояд.
Гардиши мол байни ду мамлакат дар соли 2023 беш аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






