Директори Агентии хизмати давлатӣ: «Аксарияти сомонаҳои мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ нестанд»

Июль 23, 2024 13:23

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба 72 сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 57 сомонаи мақомоти марказии давлатӣ санҷишҳо гузаронид, ки дар натиҷаи он муайян карда шуд, ки аксарияти сомонаҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар ин хусус имрӯз Директори агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба фаъолияти сомонаҳо иттилоъ дод.

Ба гуфтаи директори Агентӣ, баъзе сомонаҳо фаъол нестанд. Барои мисол агар мақомоти маҳаллиро гирем, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Шуғнон, Ваҳдат, Шаҳринав, Тоҷикобод ва Лахш фаъол нестанд.

«Ҳамчунин бояд гуфт, ки 72 сомонае, ки мо санҷиш гузаронидем, аниқ кардем, ки дар ягон сомонаи мақомоти давлатӣ эълони озмунҳо нашр карда намешавад. Барои бартараф кардани камбудиҳо мо дархостҳои Агентиро барои таъмини фаъолияти онҳо ба ин мақомот ирсол намудем».

Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 «Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет» қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Ҳадаф аз таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул шудани Қоидаҳои ягона татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳоло мониторинги сомонаҳои мақомоти давлатӣ пурра ҷамъбаст нагардида, аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид