Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо 120 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Июль 23, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ бо 120 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки дар асоси барномаҳои табодулӣ 20 нафар донишҷӯ ба донишгоҳҳои Беларус, Қазоқистон ва Чин барои идомаи таҳсил сафарбар карда шуданд.

«Яке аз дастовардҳои муҳим ин ба даст овардани донишгоҳ аз муассисаи «London School of Digital Business» Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ мебошад», -гуфт ректори донишгоҳ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар донишгоҳ 2939 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс)
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд