«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар ин истироҳатгоҳ баъди таъмиру навсозӣ беш аз 800 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи тобистонаи «Файзи Истиқлол», воқеъ дар минтақаи сайёҳию истироҳатии Варзоб 19 июни соли равон баъди таъмиру навсозӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар басти аввали он 350 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Имрӯзҳо -дар басти дуюми истироҳатгоҳ 450 нафар хонанда истироҳат дорад.
Директори истироҳатгоҳи тобистонаи «Файзи Истиқлол» Бахтиёр Расулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави Наврӯз изҳор дошт, ки истироҳатгоҳ баъди таъмиру навсозӣ бо намои нав диққати кӯдакону наврасонро ҷалб намуда, ҳамарӯза омӯзгорони ботаҷриба тибқи нақшаи корӣ, бо онҳо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, тарбиявӣ ва озмунҳои китобхонию варзиширо доир менамоянд.
Истироҳатгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кӯдакону наврасон дар ин ҷо ҳар рӯз ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ машғул мешаванд. Мураббиён кӯдакону наврасонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия менамоянд, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд.
«Дар истироҳатгоҳ кӯдакон субҳро соати 6:30 бо машқҳои пагоҳӣ оғоз намуда, соати 7:30 субҳона мехӯранд. Дар ин ҷо бачаҳо ба шоҳмот, футбол, волейбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Дар истироҳатгоҳ ҳавзҳо мавҷуданд, ки дар онҳо бачаҳо оббозӣ карда, обутоб меёбанд. Расо соати 21:30 ҳама ба хоб мераванд, то саҳар бо қувваи нав ба машқҳои пагоҳирӯзӣ бархезанд»,-гуфт Бахтиёр Расулов.
АКС: Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






