Фонди қатарии рушд ба вусъат додани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд мебошад

Июль 8, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси иҷроияи Фонди қатарии рушд Султон ал-Асирӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияту иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон  табодули андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои шарик ва муҳимми Фонди қатарии рушд дар соҳаи рушди устувор маҳсуб мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки фонд низ ҳавасманд аст ҳамкории судманд бо Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоии мамлакат вусъат диҳад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд