Футболбозони Мактаби варзишии шаҳри Ҳисор сазовори «Ҷоми Душанбе» шуданд

Июль 2, 2024 08:59

ҲИСОР, 01.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони «Мактаби варзишии шаҳри Ҳисор» сазовори «Ҷоми Душанбе» гардиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор бозии ниҳоии футбол байни дастаҳои лигаи дуюми футболи мамлакат  «Рангон»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров»-и шаҳри Ҳисор барои гирифтани «Ҷоми Душанбе» баргузор гардид.

Бозӣ дар ду қисм бенатиҷа анҷом ёфта, доварон барои муайян намудани дастаи ғолиб ба дарвозаи ҳарду даста панҷтогӣ тӯби ёздаҳметра таъйин намуданд.

Меҳмонон нисбат ба соҳибони майдон як тӯб камтар вориди дарвоза намуда, мактаби варзишии шаҳри Ҳисор ғолиби даври ниҳоӣ ва соҳиби «Ҷоми Душанбе» дониста шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 2, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд