Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Мурғоб шинос гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти дорои таъйиноти гуногун бо маром идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳия, аз ҷумла бо рафти сохтмони биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ, Боғи 35 – солагии Истиқлолият, Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи «Бабри барфӣ» ва гармхонаҳо шинос гардида, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.
Ҳангоми суҳбат оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати суръатбахшии рафти корҳои сохтмонӣ ва сифати он ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Инчунин гурӯҳи корӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳия вохурӣ намуда, онҳоро даъват намуданд, ки дар корҳои созандагию ободонӣ, таҳкими амният саҳмгузор бошанд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Мурғоб бо шарофати дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, як қатор иншооти ҷашнӣ сохта, ба исгифода дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд






