Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 54-уми ҷаҳонии «IPhО» соҳиби медали биринҷӣ ва ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Июль 30, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 54-уми ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Олимпиада аз 21 то 29 июл дар Донишгоҳи технологии вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, дар он 44 давлат, 2 давлати меҳмон ва зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат сабқати илмӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 хонанда аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Салимҷон Ҳусанов сазовори ҷойи III ва хонандаи синфи 11 аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳайдари Муҳаммадробеъ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дастоварди хонандагони тоҷик нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир ҷавонон ба ин илмҳо, хусусан физикаю математика бештар диққат дода, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 30, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 4 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Маркази миллии тестӣ: 65 ҳазору 266 нафар довталаб ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд
Дар Панҷакент 5 муассисаи таълимӣ ва 115 синфхонаи иловагӣ бо 2875 ҷойи нишаст бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар мутахассисони варзидаи мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ омода мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон озмоишгоҳи логопедӣ ва маркази таълимии ношунавоён таъсис меёбад
Дар муқоиса ба соли пешин имсол дар Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ зиёд шудааст
Соли 2024 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд
Ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос гардид
Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст
Панҷ ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши либоси мактабӣ оғоз мешавад
Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»