Панҷ ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд

Июль 26, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ихтисосҳои 1-49010102 –технологияи маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизоӣ бо роҳи махсус хушконидашуда ва 1-49010103–технологияи консервакунонии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ муваффақона гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гардиданд. Дар ин хусус ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки айни замон дар маҷмӯъ 5 ихтисоси донишгоҳ соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд.

Зоир Раҳмонзода афзуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон шашумин маротиба аз аттестатсияи навбатии давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Иҷозатномаи Т-ИФ №0005159 аз 13 майи соли равон оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати бемаҳдуд дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ гашта, дар асоси он аз рӯи 57 ихтисоси зинаи бакалавр, 36 ихтисоси зинаи магистартура ва 8 ихтисоси докторантура аз рӯи ихтисоси PhD, 30 машғулияти кутоҳмуддат, 6 машғулияти тайёрии омӯзиши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як Маркази таълимию хизматрасонии «Меҳри модар» дар ноҳияи Темурмалик мутахассисонро тайёр мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, 19 кафедра, 4 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инновтасионии Душанбе» фаъолият доранд.

Марзия САИДЗОДА,
Зоирҷони ТОҲИР (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд