Имконияти сармоягузорӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон дар Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти сармоягузорӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон дар Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи тиҷорат бо Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) доир гардид, муаррифӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори муколама намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон, роҳбарони кумитаҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиён зимни суханронӣ таваҷҷуҳи бесобиқа афзоишёфтаи тиҷорати Ҷопонро ба Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон доир ба зарфиятҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, имконияти сармоягузорӣ, захираҳои табиии Тоҷикистон ва инчунин тавонмандиҳои инсонии мамлакат маълумот дод.
Дар хотима Изҳороти муштарак байни сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ROTOBO ба имзо расид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд






