ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад

Июль 21, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ таҷлил мегардад. Дар ин робита дотсенти кафедраи металлургияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, номзади илмҳои химия Фаррух Раҳимов дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, доир ба рушди соҳаи саноати металлургия дар ҷумҳурӣ изҳори назар кардааст. Матни пурраи мақолаи мазкур оварда мешавад:

— Барои таъмини рушди соҳаи саноати металлургия ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи техникӣ зарур мебошад. Айни ҳол мо бояд мутахассисони соҳаи металлургияро омода намоем, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне дар раванди омода намудани мутахасисони баландихтисоси соҳаи металлургия, раванди ихтирокорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва алоқамандии илм бо истеҳсолотро бояд вусъат дод.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ ва ранга, қиматбаҳо ва нодир мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Бо назардоштани фаровонии захираҳои маъданҳои кӯҳӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, истихроҷу коркард ва истифодабарии самаранокии онҳо барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти назаррасро доро мебошад. Истихроҷи солонаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо (сурб, руҳ, мис, сурма) дар асоси захираҳои тавозунии тасдиқгардида ба роҳ монда шудаанд.

Ҳоло дар мамлакат «Стратегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030», барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» мавриди амал қарор доранд.

Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркард истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ аз 0,9 миллиард сомонии соли 2014 то ба 2,9 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ва истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ аз 0,9 миллиард сомонии соли 2014 то ба 3,9 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ба назар мерасад.

Тибқи маълумоти Фонди иттилоотии геологӣ, дар ҷумҳурӣ аз тарафи корхонаҳои саноатии коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо шумораи муайяни конҳои аслӣ ва пошхӯрда мавриди коркард қарор доранд.

Захираҳои саноатӣ асосан дар конҳои Тарор, Ҷилав, Покрӯд, Зарнисор, Зарнисори Шимолӣ, Кони мансури шарқӣ-ғарбӣ, Ҷиҷикрут, Мушкистон, Теппаҳои Сурх ва Такоби Марказӣ ва дигар конҳо, аз ҷумла қумҳои зардори пошхӯрда мавҷуд мебошанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ бунёд гардиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати истихроҷ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2014 то ба 6,9 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуда буд, ки ин нисбат ба соли 2014 3,8 баробар ё ин ки 5,1 миллиард сомонӣ афзудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 21, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард