«ИННОПРОМ-2024». Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

Июль 10, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия,  дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии  «Иннопром-2024» ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳамчун шарики ин форуми саноатӣ баромад мекунад, баргузор гардид,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати  Тоҷикистонро дар ҷаласа  Вазири саноат ва технологияҳои нав, узви Конфронси вазирони саноати кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай Шералӣ Кабир роҳбарӣ  намуд.

Мавзуи асосии ҷаласа  «Уфуқи 2035:  Созмони ҳамкории Шанхай – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ»  буда, дар он  Шералӣ Кабир ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун як платформаи бонуфузи байнидавлатӣ ва иштирокчии бонуфузи низоми муносибатҳои байналмилалӣ, ки мамлакатҳои узви он дорои захираи бузурги маъданҳои фоиданок, истеҳсолоти пуриқтидор,  бозорҳои бузург  ва заминаи пуриқтидори илмию техникӣ мебошанд, баҳои баланд дод.

Гуфта шуд, ки бо шарофати ташаббус ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷумҳуриамон ба ҷомеаи Созмони ҳамкории Шанхай муваффақона ворид шуда, ҳамкории иқтисодӣ бо мамлакатҳои узви Созмон рушд ва таҳким меёбад, ки ин ҳамгироии бештари муносибатҳои истеҳсолӣ, кооператсия, сохторҳои тиҷоратӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави истифодаи ҳам ашёи хом ва ҳам ташаккули занҷирҳои ҷаҳонии истеҳсолотро дар бар мегирад.  Ҳамаи ин, албатта, барои давлатҳои минтақа имкони хубе фароҳам меорад, ки ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ дилпуронатар ва зудтар ворид шаванд, ба онҳо имкон медиҳад, ки ба технологияҳои пешрафта дастрасӣ пайдо кунанд ва ба афзоиши баланди истеҳсолоти саноатӣ мусоидат намоянд.

Шералӣ Кабир дар бораи комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир, ки асосан ба шарофати кӯшишу ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафи хеле муҳими стратегӣ – саноатикунонии  босуръати мамлакат ба даст оварда шудааст, маълумот дод.

Иброз гардид, ки барномаҳои қабулшуда то соли 2025 ду баробар афзоиш додани истеҳсолоти саноатии мамлакатро пешбинӣ мекунанд. Ин бешубҳа ба вуҷуд овардани заминаи устувори дигаргунсозиҳои инноватсионии технологии саноат ва ба соҳаи асосии иқтисодиёт табдил додани он мусоидат мекунад. Ба тавсеаи ҳамкорӣ  бо давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкории сармоягузорӣ ва коператсияи саноатӣ бо дарназардошти иқтидори мавҷудаи маъданӣ, обӣ, гидроэнергетикӣ ва кишоварзии мамлакат изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар ин замина, Шералӣ Кабир зарурати суръат бахшидан ба баррасии ду лоиҳаи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда оид ба таъсиси пойгоҳи маълумоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва ташкили чорабиниҳои конгрессию намоишӣ дар доираи ҷаласаи вазирони саноатро таъкид намуд.

Ин ҳуҷҷатҳо ба таҳкими иқтидори захираҳои миллӣ, иштироки фаъолонаи мамлакатҳо дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши саноат ва мусоидат ба татбиқи муваффақонаи онҳо нигаронида шудаанд. Қобили тазаккур  аст, ки таҳияи лоиҳаҳои мазкур, инчунин таъсиси ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шарофати ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 амалӣ гардид.

 АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид