ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН. Бо сокинону фаъолони ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он» вохӯрӣ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов аҳамияти истиқлолияти давлатиро дар рушди бемайлони давлат ва бақои миллат хеле муҳим арзёбӣ намуда, доир ба нақши Пешвои миллат дар сулҳофарӣ, ҳамчун меъмори сулҳ, инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуда, мардумро ба сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат даъват намуд.
Дар вохӯрӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳиссу таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум бештар гардид, ки ин ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳом мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ










«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






