Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи июнро дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон маълум намуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии моҳи июн дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ маълум гаштанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозингари ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор Абдуҷаббор Абдуалимзода, ки дар се аз чор вохӯрии дастааш дар моҳи июн беҳтарин бозингари рақобат эътироф шуда буд ва чор гол ба нишон расонид, бозингари беҳтарини моҳи июн дониста мешавад.
Ҳамчунин ҷоизаи «мураббии моҳ» насиби сармураббии ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Қурбонов мегардад. Даста зери роҳбарии ӯ дар моҳи гузашта се пирӯзӣ ба даст оварда, як бозии дигарашро мусовӣ анҷом дод.
Ёдовар мешавем,ки ҷоизадорони моҳи июн дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






