МАМЛАКАТИ САБЗ. «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 07.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳиллаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
«Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашта буд.
Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар як маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷуйборҳо равона гардидааст.
Татбиқи барномаи таҳиягардида, такмили заминаи қонунгузории соҳа, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва нигоҳдории тавозуни устувори табиӣ ва идоракунии оқилонаи олами набототро таъмин менамояд.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Нақшаи амали барнома барои марҳилаи якум, солҳои 2025-2027, таҳия гардидааст, ки дар ин давра шинонидани 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳолу бутта ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузории иҷрои Нақшаи амали барнома дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ, бахши хусусӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Барои мунтазам муайян намудани рафти сабзиши ниҳолҳо низоми мониторинг ва арзёбӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо истифода аз усулҳои муосир ташкил ва таъмин мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






