МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. Агар телефони дастии довталаб хомӯш бошад, аз натиҷи озмуни тақсимоти асосӣ бехабар мемонад

Июль 24, 2024 13:09

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имшаб,  аз соати 00:00-и 25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гуфти масъулини Маркази миллии тестӣ,  имшаб ба тамоми довталабене, ки дар тақсимоти асосӣ роҳ ёфтанд паёмак ирсол мегардад. Дар ҳолати хомӯш будани телефони дастӣ (агар телефонро баъдтар ҳам фаъол намояд) паёмак дастнорас мегардад, яъне намеравад. Дар ин маврид  довталаб ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат намуда, аз натиҷаи он бохабар мегардад.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Маълумоти бештарро метавон аз саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://ntc.tj/tj/ дастрас намуд.

Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо имшаб, 25 июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 24, 2024 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд