Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд

Июль 20, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 20.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири манфии он ба муҳити зист яке аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табии (UNDRR) Камал Кишоре мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) баргузор гардид.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNDRR дар самти тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири манфии он ба муҳити зист, инчунин конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, ибрози андеша намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкории судманд иброз доштанд.

АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 20, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна