Масъалаи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи обу энергетика дар Ню-Йорк баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ,17.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи обу энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини вазир оид ба рақобатпазирӣ ва табодули таҷрибаи Девони вазирони Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулло Лутаҳ 16 июл дар Ню –Йорк баррасӣ гардид.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) баргузор гардида, мусоҳибон мавзуъҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳоро дар доираи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP) баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкории судманд дар соҳаи обу энергетика иброз доштанд.
АКС:Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






