Мавсими оббозӣ дар кӯли шаҳри Бӯстон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими оббозӣ дар кӯли шаҳри Бӯстон оғоз гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, ҷорӣ намудани об тариқи каналҳои обгузар тадбирҳои муҳим андешида, аз ҷумла кӯли шаҳриро бо об пур карда, барои истироҳату фароғат ва оббозии сокинон дар фасли тобистон шафати кӯлро қумхобонӣ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад, зимни оғоз бахшидан ба мавсими оббозӣ, раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода бо сокинону меҳмонони шаҳр суҳбат намуд.
«Ҳадафи асосии давлату Ҳукумат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам намудани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва истироҳату фароғати сокинон мебошад», -иброз дошт Нигорахон Ғаффорзода.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки раванди ободонию назорати воридшавии об ба кӯли шаҳрӣ вусъат бахшида шуда, дар атрофи кӯл нишастгоҳҳо насб гардад. Инчунин симчӯбҳои равшанидиҳанда барқарор карда шуда, атрофи кӯл сарсабзу хуррам гардонида шавад.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз ба як қатор сокинон-варзишгарони шаҳр туҳфаҳо тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон










Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






