Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд

Июль 26, 2024 17:25

ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон вохӯриҳои дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ — директори глобалӣ оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва иқтисоди кабуд Валери Ҳикки, директори глобалӣ оид ба таҷриба дар самти об Сароҷ Кумар Ҷа ва директори минтақавӣ оид ба инфрасохтор барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормийе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Зимни вохӯриҳо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гаштани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ва сохторҳои намояндагии он дар мамлакат дар самти татбиқи лоиҳаҳои марбут ба пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон, таҳияи Гузориш оид ба иқлим ва рушди кишвар ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Раиси Кумита намояндагони Бонки ҷаҳониро ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2024 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд