Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии «Инфо-Стратегия: «Ҷомеа, давлат, маориф» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Инфо-Стратегия: «Ҷомеа, давлат маориф», ки дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсия намояндагони 14 давлат ҷамъ омада, доир ба мушкилоти мавҷудаи рақамикунонии соҳаи маориф ва роҳҳои бартараф намудани он муҳокимаронӣ намуданд.
Иштирокдорони конференсия масъалаҳоро вобаста ба муҳимияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба низоми маориф ва идораи давлатӣ, дастовардҳои ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи табдили рақамӣ дар минтақа, аҳамияти ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба раванди таълим, зарурати рушди малакаҳои рақамӣ дар омӯзгорон ва хонандагон баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид






