Намояндаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар Сессияи стратегии Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Москва Сессияи стратегии Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд вобаста ба муҳокимаи натиҷаҳои баҳодиҳии фосилавӣ ва навсозии Стратегияи Фонд ва Стратегияи кишварии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазоратҳои молияи кишварҳои узви Фонд баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ иштирок намуда, оид ба фаъолияти Фонд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Иброз гардид, ки айни замон аз ҷониби Фонд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳа ба маблағи 218 миллион доллари ИМА, аз ҷумла се барномаи дастгирии буҷети давлатӣ, лоиҳаҳо оид ба барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» (марҳилаи 1), навсозии низоми обёрии ноҳияи Зафаробод, грантҳо дар соҳаи тандурустӣ ва идоракунии молияи давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар Стратегияи кишварии Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти сохтории иқтисодиёт ва такмили институтҳои асосӣ, навсозии инфрасохтори асосӣ (энергетикӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, иҷтимоӣ) ва рушди сармояи инсонӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, ислоҳоти пешбинишуда ва самтҳои дастгирӣ, ки дар стратегияи кишварӣ дарҷ гардидаанд, актуалӣ боқӣ мемонанд.
Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар асоси Шартнома дар бораи таъсиси Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 9 июни соли 2009 аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявии мамлакатҳои узви Фонд мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






