«Нурворизм» ва «Танворизм» -«Ду равияи як рассом». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассом Зокир Собиров ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ,11.07.2024/АМИТ «Ховар»/. «Ду равияи як рассом» таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳои рассоми шинохтаву навовари тоҷик, муаллифи ду равияи эҷодии рассомӣ, барандаи ҷоизаҳои рассомии байналмилалӣ, академик Зокир Собиров ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 20 июли соли равон идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад.
Қабл аз ифтитоҳи расмии намоиш, ҳамоиши донишмандону санъатшиносон оид ба эҷодиёти рассом Зокир Собиров баргузор гардида, вобаста ба ин мавзуъ андешаҳои мутахассисон шунида шуданд.
Дар намоиш намунаҳои барҷастаи эҷодиёти рассом дар самти табиатнигорӣ, ороишоти саҳнавӣ, меъморӣ, чеҳраофарӣ ва дигар усулҳои рассомӣ дар қолаби ду равияи эҷоднамудаи рассом – «Нурворизм» ва «Танворизм» ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зокир Собиров муаллифи ду равияи эҷодии рассомӣ дар таърихи наққошии ҷаҳон мебошад, ки ин равияҳоро бо номҳои миллии тоҷикӣ – «Нурворизм» ва «Танворизм» ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод ва муаррифӣ намудааст. Равияҳои ӯ дар фарҳанги наққошии миллию ҷаҳонӣ падидаи ҷадид маҳсуб шуда, бо вижагиҳои эҷодӣ ва унсурҳои табиияшон ҳамчун сарвати миллии тоҷикӣ эътироф мешаванд.
Осори академик Зокир Собиров дар намоишгоҳҳои байналмилалию ҷаҳонӣ бо номи миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуда, маҳз навоварии эҷодӣ ва вижагии хоси ин асарҳо будааст, ки дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, чор медали тилло дар солҳои 2015, 2019, 2020, 2021 дар Ню-Йорки Амрико, шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико ва ҷоизаи «Беҳтарин рассом» дар соли 2018 дар Украина аз зумраи онҳо мебошанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






