Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Форуми илмӣ — техникии «Чин-Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд

Июль 4, 2024 19:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25-28 июни соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми илмӣ — техникии «Чин-Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар кори он олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Дар форум олимони варзида аз Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои вобаста ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар сатҳи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон байни давлатҳои мазкур натиҷагирӣ гардид. Ҳамчунин дар форуми мазкур масъалаи омода намудани кадрҳои илмӣ -таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҳошияи ин форум конференсияи илмӣ техникии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода сухан намуд.

Дар анҷоми форум ва конфронси мазкур Ёддошти тафоҳум байни Шуъбаи илм ва техникаи вилояти Мухтори Синзиян-Уйғури Чин ва муассисаҳои илмии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд. Минбаъд дар асоси ин санад ҳамкорӣ байни муассиаҳои илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду густариш меёбанд.

Дар ҳошияи форум, ҳайати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин озмоишгоҳҳои таҳқиқотӣ, аз ҷумла дар соҳаи физикаю техника ва гиёҳшиносӣ шинос шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 4, 2024 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад