ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Имсол дар Тоҷикистон 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави хониш дар ҷумҳурӣ тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд.
Бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мешаванд. Инчунин гуфта шуд, ки то охири соли равон дар мамлакат 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта мавриди истифодабарӣ қарор мегирад. Дар умум соли равон сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири соли равон қисми зиёди иншооти мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бинои 39 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 7884 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистонро таъмини зиндагии арзанда ва муҳайё намудани шароити созгори таҳсилу фаъолият барои аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ доир ба мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ворид ва мутобиқшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди кӯдакону хонандагони боистеъдод тамоми чораҳои заруриро амалӣ гардида истодааст.
Тавре дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолии пойтахт масъалаи сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола якчанд муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии нави муҷҷаҳаз мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба соли 2023 ба теъдоди 10 ҳазору 458 нафар ва ин шумора нисбат ба панҷ соли қаблӣ 79 ҳазору 753 нафар зиёд гаштааст.
Бо дарназардошти ин ҳама дар арафаи соли нави таҳсил мавриди истифода қарор додани 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1720 ҷой ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 5900 нафар хонанда дар як баст, мактаби санъати кӯдакона ба номи М. Аминзода барои 520 нафар, Коллеҷи хореографӣ ба номи М. Собирова барои 320 нафар ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов барои 140 ба нақша гирифта шудааст.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва навсозии 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3200 ҷой ва 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 14 ҳазору 90 нафар ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид






