Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт

Июль 3, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 03.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Покистон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.

Дар доираи сафар инчунин мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд