Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти «Маркази барқу гармидиҳии -2»-и шаҳри Душанбе шинос шуд

Июль 17, 2024 21:25

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо рафти тадбирҳои омодагии  иншооти соҳаи барқу гармидиҳӣ, аз ҷумла дар «Маркази  барқу гармидиҳии-2» ба мавсими сармо шинос шуд.

«Маркази  барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе яке аз иншооти асосии таъминкунандаи неруи барқ ва гармӣ дар пойтахт ба ҳисоб рафта, тавоноии он 400 мегаватт неруи барқ ва 235 Гкаллория гармӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар «Маркази  барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе,  дар доираи нақша-чорабиниҳо корҳои таъмирӣ ва навсозӣ дар қисми зиёди таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасонӣ иншоот ба анҷом расонида шуда, таъмири турбоагрегатҳо ва захираи ангишт дар нуқтаҳои нигоҳдорӣ ва анборҳои марказ идома дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки фаъолияти дастҷамъонаро тақвият бахшида,  дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳарчи зудтар таъмин намудани сокинони пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо гармӣ аз имконоти мавҷуда мақсаднок истифода баранд.

Барои бе мушкилӣ сипарӣ  намудани давраи тирамоҳу зимистон ва омодагии ҳамаҷонибаи  «Маркази  барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе корҳои зерин, аз ҷумла турбоагрегатҳои № 2 ва №-4, турбоагрегатҳои №-1 ва №-3, дегҳои буғии 1,2,3,4, бунгоҳҳои гармитақсимкунии №1 ва №2,   4 трансформатори қудратии   Т-1 ва Т-2, васлакҳои элегазии-  220 килаватт Т-1 ва Т-2 аз таъмири  асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, дастгоҳу таҷҳизот пурра ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода карда мешаванд.

Сарвазири мамлакат ба масъулин супориш дод, ки дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 корҳои таъмирӣ дар иншооти мазкур бо сифат ва суръати баланд ба анҷом расонида шавад ва бо фаро расидани мавсими сармо тамоми бинову иншооте, ки ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст ҳастанд, бе мушкилӣ ва сари вақт таъмин карда шаванд.


Мувофиқи маълумот, барои фаъолияти доимии Марказ дар давраи тирамоҳу зимистон ва саривақт таъмин намудани бинову иншоот бо барқу гармӣ захираи беш аз 1 миллиону 100 ҳазор тонна ангишт зарур аст ва то то 17 июли соли 2024 дар базаҳои нақлиёт ва таъминот захираи умуми ангишт  бо назардошти боқимондаи ангишт аз соли 2023 – бештар 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Сипас дар «Маркази барқу гармидиҳии-2» таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласа баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаи тақвият бахшидани ҷараёни кашонидани ангишт ва захираи он, ҷоннок намудани фаъолияти иншооти барқу гармидиҳӣ, пайваст намудани иншооти таъйиноти гуногун бо шабакаҳои гармидиҳӣ ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод гардид.

Мувофиқи  нақшаи  истеҳсол  ва  интиқоли энергияи барқу  гармӣ,   дар  мавсими  тирамоҳу  зимистони солҳои 2024-2025 «Маркази  барқу  гармидиҳии-1» ва филиали  «Маркази  барқу гармидиҳии-2», дегхонаҳои  «Ғарбӣ»  ва «Шарқӣ» тасмим  гирифтаанд, ки бо неруи гармӣ 3200 иншооти шаҳри Душанберо таъмин намоянд.

Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз  масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2024 21:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд