Соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 13,8 фоиз ва мусофирбарӣ 9 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми гардиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад. Тавре Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат 61 миллион тонна бор ва 483,1 миллион мусофир интиқол дода шудааст.
Вазири нақлиёт афзуд, ки ҳаҷми боркашонӣ 13,8 фоиз, гардиши бор 12,5 фоиз, мусофирбарӣ 9 фоиз ва гардиши мусофирон 18,1 фоиз зиёд гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар ин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ 57,2 миллион тонна (114,6 фоиз), нақлиёти роҳи оҳан 3,2 миллион тонна (100,7фоиз) ва нақлиёти ҳавоӣ 0,6 миллион тонна (110,9 фоиз %) бор интиқол дода шудааст.
Инчунин дар шаш моҳи соли равон таввасути нақлиёти автомобилӣ 469,8 миллион мусофир (109 фоиз), нақлиёти барқӣ 12,6 миллион мусофир (108,4 фоиз), нақлиёти роҳи оҳан 214,1 ҳазор мусофир (100,6 фоиз) ва бо нақлиёти ҳавоӣ 0,5 миллион мусофир (133,4 фоиз) интиқол дода шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҳиссаи нақлиёт ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ,дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3764,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 113,9 фоизро ташкил дода, саҳми соҳа ба 6,1 фоиз (6,1 фоиз январ-июни соли 2023) расонида шуд, ки суръати рушд нисбати соли гузашта дар сатҳи 6,1 фоиз устувор нигоҳ дошта шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






