«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад

Июль 22, 2024 17:31

ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соли 2024 дар робита ба интишор ва тақсими асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба ҳар як оилаи мамлакат, силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро таҳия ва пешниҳоди бинандагон мегардонад. Чунин иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии ин шабакаи телевизиони фарҳангӣ.

Тавре муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз дошт, мақсад аз таҳияи ин барномаҳо огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон, дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ин барномаҳо, дар баробари адибону мутахассисони соҳа дигар шаҳрвандоне, ки достонҳои «Шоҳнома»-ро хуб медонанд, метавонанд иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2024 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст