Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст

Июль 25, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи якуми соли равон аз ҷумҳурӣ 131,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 124,4 миллион доллари амрикоӣ содирот карда шудааст, ки аз рӯи арзиши гумрукӣ 25,5 миллион доллари амрикои ё 25,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Вазири кишоварзии мамлакат Нигина Анварӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар таркиби содирот, маҳсулоти сабзавотӣ 23,5 ҳазор тонна ё 17,8 фоиз (аз ҷумла пиёз 22 ҳазор тонна ё 16,7 фоиз), меваҷот 10,3 ҳазор тонна ё 7,8 фоиз (аз ҷумла ангур 550 тонна ё 0,4 фоиз), меваи хушк 38,2 ҳазор тонна ё 29 фоиз, лӯбиёгиҳо 120,1 тонна ё 0,1 фоиз, полизӣ 424 тонна ё 0,3 фоиз, тухми мурғ (инкубатсионӣ) 1,7 ҳазор тонна ё 1,3 фоиз, меваҳо ва тухмиҳои равғандор, растаниҳои доругӣ 2,5 ҳазор тонна ё 1,9 фоизро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти кишоварзӣ ба 18 давлати ҷаҳон содирот гардидааст. Аз маҳсулоти содиротгардида 74,2 фоиз ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 25,8 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.

Ба гуфти масъулони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи ҳамкорӣ ва созиш бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати бунёди 5 маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби сармояи хориҷии грантӣ қарордод ба имзо расонида шуд.

Дар ин самт дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» барои ҷалби ширкати машваратӣ-лоиҳакашӣ озмун гузаронида шуда, бо ширкати байналмилалии «СОФРЕКО» ва ширкати ватании «БАРС Консалтинг» шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, фаъолияти амалишавии он аз 12 июни соли 2023 оғоз гардидаст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд