Тоҷикистон ва Қатар татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуданд

Июль 11, 2024 16:35

ДУШАНБЕ, 11.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 июл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо муовини Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Халаф бин Ҳаттоб ал-Каъбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қатар ва татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо атрофи масоили тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавии ду мамлакати дӯст табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Июль 11, 2024 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид