ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва пуртаҷриба ифтихори тоҷикони ҷаҳон аст

Июль 17, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва пуртаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ, пайвандгари дӯстӣ байни халқҳо ва обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд. Нақши калидӣ, саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳуруии Мардумии Чин эҳтирому эътирофи хоссаро сазовор гашт, ки дар таърихи равобити байни ду ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Чунин изҳори назар намудааст доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз МУҲАММАДЗОДА дар мақолаи худ дар робита ба сазовор гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ордени «Дӯстӣ»- Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем:

— Давлати мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти пешбурди сиёсати хориҷии фаъолу муваффақ, аз ҷумла бо ба инобат гирифтани сиёсати ҳамҷавории нек, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, эътимоди ҳамдигарӣ ва дарки умумияти ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии хеш муносибатҳоро бо мамлакатҳои ҳамсоя, махсусан бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор дода, барои таъмиқу тавсеаи ҳар чи бештари онҳо пайваста талош варзида, ба ин масъала диққати аввалиндараҷа зоҳир менамуданд.

Мавқеи сиёсати санҷидашуда ва мутавозини Тоҷикистон таҳти роҳбарии меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа, ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи минбаъдаи мамлакат ҳамчун неруи бонуфуз ва созанда дар сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъаллаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳим ва калидӣ дошта, барои сулҳу субот ва рушди инкишофи минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда мегузоранд.

Дарвоқеъ, ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамгироӣ, муттаҳидшавӣ ва тақвияти дӯстӣ байни халқҳо аз тарафи мамлакатҳои ҳамсояи мо муҳим, сарвивақтӣ ва дар умум мусбат пазируфта шудаанд. Махсусан президентҳои ин мамлакатҳо ба ин фаъолиятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, Пешвои миллатро эҳтиром ва эътирофи хосса менамоянд.

Далели ин амр дар он зоҳир мешавад, ки роҳбарони давлатҳои абарқударти ҷаҳонӣ ва инчунин роҳбарони мамлакатҳои минтақа дар суханрониҳои худ оид ба таҷрибаи ғании роҳбарӣ ва сарварии сиёсиии муваффақ ва сиёсатмадори пуртаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус таъкид намуда, борҳо бо мукофотҳои олӣ ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ сарфароз гардонидаанд.

Махсусан нақши калидӣ ва саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тақвияти дӯстӣ, бунёди намунаи олии ҳамкорӣ байни мамлакатҳои минтақа ва тавсеаи ҳамкориҳои судманду созанда байни Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳоро ба инобат гирифта, президентҳои мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофотҳои олии давлати худ низ ҳамчун нишони эътироф ва қадрдонӣ сарфароз гардонидаанд.

Баланд гаштани эътибор ва маъруфияти ҷаҳонӣ пайдо намудани Президенти давлати мо, пеш аз ҳама, аз муваффақияти касбӣ, хизматҳои бесобиқа, фикру андешаҳо дар бораи созандагию бунёдкорӣ ва сатҳи маҳбубияташон дар байни мардумони Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон бармеояд.

Маҳз ҳамин талошҳо ва таҷрибаи ғании бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати фаъолу муваффақ сабаб шуд, ки дар давоми беш аз 30 сол дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин таҷрибаи ғании амалӣ ва дастовардҳои назаррас ба даст оварда шуд.

Дар тӯли беш аз 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар низоми равобити байни Тоҷикистон ва Чин воқеаҳои зиёди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳар ду ҷониб дӯстӣ, эҳтирому эътироф ва эътимоди баланди мутақобиларо нишон дода, роҳҳалли тамоми масъалаҳои байнидавлатиро ёфта, муваффақона амалӣ намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки равобити Тоҷикистон ва Чин тайи 10 соли охир таҳти роҳбарии дурандешонаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин тавсеа ёфта, ба сатҳи нав бароварда шуд ва ҳамчун намунаи беназири ҳамкории дуҷониба байни ҷумҳуриҳо гардид.

Саҳми сарони ду давлат дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаи нав дар равобити шарикии стратегии фарогири Тоҷикистону Чин хеле баланд буда, ба ин васила барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нуқтаҳои нави рушдро боз намуданд.

Бояд гуфт, ки ба сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидани сатҳи муносибатҳои ду мамлакати дӯст – Тоҷикистону Чин на танҳо аҳамияти минтақавӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ низ дорад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз дар сатҳи бесобиқаи рушд қарор доранд. Солҳои охир дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки ба иродаи сиёсӣ ва эътимоди баланди ҳамдигарии раҳбарони ду давлати дӯсту бародар асос меёбад.

Равандҳои мусбате, ки дар равобити сиёсии дуҷониба ба вуқӯъ пайвастанд, ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ, гуманитарӣ, инчунин дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва дигар соҳаҳои мутақобилан судманд таъсири мусбат расониданд.

Дарвоқеъ, имрӯз коршиносони байналмилалӣ оид ба сатҳи баланди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин андешаронӣ намуда, онро тасдиқ менамоянд. Ва ҷониби Тоҷикистону Чин ба чунин фаҳмиш расидаанд, ки байни онҳо ҳама масъалаҳо хеле зуд ва самарабахш ҳал карда мешаванд.

Маҳз дар ин равандҳои мусбате, ки дар равобити сиёсии Тоҷикистону Чин ба вуқӯъ пайвастанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми калидӣ доранд.

Метавон гуфт, ки имрӯз дар фазои ҳамгироӣ ва дарки умумияти тақдиру сарнавишти ду давлат ва мардумони онҳо торафт тавсеа ёфта, нақши Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии муваффақ ва пуртаҷриба дар рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Ҷумҳуруии Мардумии Чин эҳтирому эътироф гардидааст.

Далели ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, ки 5 июли соли 2024 зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи «Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ» барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонда шуданд.

Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин тақдим намуд. Си Ҷинпин нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду ҷумҳурии дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид дошт, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ — Ордени «Дӯстӣ»- Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз мамлакат тақдим карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти олиро, қабл аз ҳама подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.

Қарор дар бораи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ин мукофоти олӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хидматҳои шоистаи ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола намудаанд, арзёбӣ мегардад.

Шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ бори дигар эътибору нуфузи ин марди хирад, сиёсатмадори оқил, сарвари сиёсии муваффақро дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ намуда, эътирофи усули давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати эҳёгари Тоҷикистони навин ва мустақил, инчунин ташаббускори ибтикороти минтақавию ҷаҳонӣ ва пайвандгари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошанд.

Дар бораи мақом ва эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсии пуртаҷриба дар сиёсати байналмилалӣ гуфтаҳои сарварони сатҳи баланди ҷаҳонӣ хеле зиёд аст. Аз ҷумла, барои тақвияти ин гуфтаҳо суханони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар Саммити якуми сарони кишварҳои «Чин – Осиёи Марказӣ» ба хотир меорем, ки чунин ибрози андеша намуда буд: «Шумо, Ҷаноби Президент, миёни мо — сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қарор доштед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошанд».

Воқеан ҳам эҳтирому эътирофи Сарвари сиёсии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президентҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ — ин эҳтирому эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад.

Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии сарвари давлати тоҷикон боис гардид, ки Пешвои мо на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол зиёда аз 196 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Интихоби маҳсулоти бенуқсон яке аз шартҳои асосии риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми тайёр кардани консерва мебошад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд