ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол зиёда аз 196 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад

Июль 11, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тибқи нақша дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат 196 ҳазору 789 гектар  кишти такрорӣ гузаронида мешавад. То 5 июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 148 ҳазору 649 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо, ки ба  беҳтаршавии зиндагии сокинони мамлакат мусоидат мекунад, тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Яке аз ин тадбирҳо ин кишти такрорӣ мебошад.

Тавре устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва зиёд намудани маҳсулоти истеъмолии кишоварзӣ бояд майдони кишти такрорӣ зиёд карда шавад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо,  агар маҳсулот дар вақти муайянгардида кишт карда шавад, корҳои агротехникӣ ва коркарди саривақтии зироат сари вақт гузаронида шавад, аз як замин соле  ду-се ҳосил бардошта мешавад. Инчунин бештари зироати кишоварзӣ аз офтоб ғизо мегиранд. Аз ин рӯ кишоварзон бояд 320 рӯзи офтобиро самаранок истифода намоянд.

«Аҳамияти кишти такрорӣ ин зиёд намудани маҳсулот мебошад. Аз ҷониби дигар ин ба фоидаи марди деҳқон аст. Зеро марди деҳқон ҳар сол барои истифодаи замин андоз пардохт мекунад, ки он маҳсулоте, ки дар кишти асосӣ павариш мекунад, хароҷоти онро танҳо бароварда мекунаду халос. Агар марди деҳқон дар кишти ангорӣ ва такрорӣ навъҳои дигари маҳсулотро кишт намояд, фоидаи онро ба даст меораду бозори истеъмолӣ бошад аз маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад, ин бошад ба паст шудани нарх дар бозор мусоидат мекунад»,-афзуд номбурда.

Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки қариб 90 фоизи маҳсулоти растанипарварӣ дар заминҳои обӣ парвариш мешавад ва заминҳои обӣ имкони 70 фоизи кишти такрорӣ ва ангориро дорад. Фақат борои ин омода шудан ва зироатро дуруст интихоб намудан ва тухмии зироатро омода карданамон даркор аст.

«Яке аз камбудиҳои кишоварзони мо, ин кишти тобистонаи  картошка мебошад, ки онро кишти ангорӣ ё такрорӣ мегӯянд, ки он на кишти ангорӣ асту на такрорӣ. Онро кишти тобистонаи картошка мегӯянд. Ин навъи кишт имконияти ҳосил додан дорад, аммо камбудии мо дар он аст, ки мо тухми кишти тобистона надорем. Тухме, ки барои тобистон кишт мешавад аз тухмие, ки дар баҳору асоси кишт мешавад, фарқ мекунад. Зеро дар кишти дигар замин намнок асту тухми як давраи оромиро гузаронидааст ва месабзад. Дар ин кишти тобистона мо тухми кишти барвақтиро мегирем, ки он давраи оромии худро нагузаронидааст, кишт мекунем. Барои ин бояд тухмӣ  дар сардхонаҳо ва ҳарорати аз 16 дараҷа поинтар муддати 10 ё 12 рӯз нигоҳ дошта шавад. Онро дар ҳавои гарм мебарорем ба муғчазанӣ оғоз мекунад ва онро бо моддаҳои махсус, ки рушдро танзим мекунад,  коркард карда, сипас кишт мекунем. Агар тухмиро кишт намуда, пасон об диҳем, маҳсулот пурра инкишоф намеёбаду ҳосили фаровон намегардад. Ин яке аз масълаҳои кишти такрорӣ аст ва бояд кишоваразон барои кишт намудан тухмиро омода намоянд.  Масъала дигар ин кишти шолӣ аст. Он  бештар  кишти такрорӣ  мешавад. Агар кишоварзон онро пеш аз кишт,  дар гармхона парвариш намоянд, сипас  кишт кунанд, ба фоидаи кор  хоҳад шуд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Тавре Сарвари давлат дар суханрониҳо пайваста  таъкид менамоянд: «Мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди мамлакат ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем. Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

«Ҳар як кишоварз дар пеши худ бояд мақсад гузорад, ки аз як замин бояд ду ё се ҳосил гирад. Яъне чи гуна? Бояд боғпарварон дар қаторҳои боғ навъҳои дигари маҳсулотро  кишт намоянд. Инчунин дар вақти парвариши як маҳсулот бо он дигар навъи маҳсулотро  низ парвариш намоянд. Агар дар кишти такрории ҷуворимакка кишт карда шавад, дар қаторҳои он помидор ё бодирин парвариш намоянд, ки ҳело мусоид ва ҳосили хуб ба даст меоранд»,-чунин тавсия дод  Зикриёхон Ҳайдаров.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Июль 11, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Тоҷикистон низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ворид карда шудааст
«Тоҷикаэронавигатсия»: «Дар шаш моҳи соли равон шумораи парвозҳои транзитӣ афзуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 70,5 фоиз зиёд гардидааст»
Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли равон ба зиёда аз 1,6 миллион мусофир хизмат расонидаанд
Тоҷикистону Узбекистон ҷиҳати бехатарии молу маҳсулот ва баҳодиҳии мутобиқат нақшаи корӣ таҳия намуданд
Байни Душанбе ва Лондон роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад
Соли равон дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ зиёда аз 560 ҳазор ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд
Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани алоқаи мобилии насли 4 G 157 истгоҳи базавӣ насб гардид»
Соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 13,8 фоиз ва мусофирбарӣ 9 фоиз афзудааст
«ҲИФЗИ МОРХӮР: СТРАТЕГИЯҲО ВА ТАҶРИБАҲОИ САМАРАНОК». Таҳти ин унвон дар Ню-Йорк доир ба ташаббуси Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Маҷористон ҳамкориро дар соҳаи авиатсия рушд медиҳанд
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Брюсел фаъолияти CANSO дар нимаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ гардид