Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж 14 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Июль 7, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола — Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ мебошад, ки он аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад. Имсол 14 варзишгари мамлакат роҳхатҳои Бозиҳои олимпии Парижро соҳиб шуданд ва дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дар ин хусус Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷудочиёни тоҷик маротибаи аввал соҳиби 6 роҳхати олимпӣ шуданд. Онҳо Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва тариқи квота Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таэквондо ва гӯштини озод марбут аст. Давлат Болтаев, Миҷгона Самадова ва Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс, Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо, Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Иброз гардид, ки ба Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота ҷудо карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин медали олимпиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Вай дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар намуди гӯштини ҷудо дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

Дар ин олимпиада намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар гӯштини озод дар вазни то 84 кг медали нуқра гирифтааст. Мавзуна Чориева дар бокси занона дар вазни то 60 кг соли 2012 дар Лондон бо медали биринҷӣ сарфароз шудааст. Соли 2016 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де Жанейрои Бразилия медали тилло ба даст овард ва Тоҷикистонро дар байни 206 давлати ҷаҳон ба зинаи 54-ум баровард.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст