«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар ин озмун беҳтарин даврии чакан ба намоиш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 6 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз ғолибони озмун- ҳунарманди чакандӯз аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Бибигул Гадоева ҳамсуҳбат гардид.
Бибигул Гадоева оид ба ҷараёни омода намудани даврии чакане, ки дар он беш аз 1 миллион кӯки майда истифода шудаву ба даври ниҳоии озмун пешниҳод гардидааст, маълумот дод.
Номбурда изҳор дошт, ки ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҷонибдорӣ карда, бо ин мақсад дар ин мавзуъ даврии чакан омода намудем, ки дар он бо се забон навиштаро дар бораи об дӯхтем. Онро муддати як моҳ, ба таври шабонарӯзӣ бо 20 нафар занони деҳа дӯхтем, ки дар он беш аз 1 миллион кӯки майда истифода бурда шудааст.
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон бо меҳмонони хориҷӣ даврии чакани моро, ки ба намоиш гузошта шуда буд, тамошо карданд. Меҳмонони хориҷӣ онро то 2000 сомонӣ нарх гузоштанд. Сарвари давлат ба мо гуфтанд, ки ин давриро то 2000 доллар нагӯянд, нафурӯшед. Роҳбари давлат заҳмати моро қадр намуда, гуфтанд, ки ин даврии чакан як асари барҷастаи пурмазмун аст, ки дар он тамоми зебоиҳои Тоҷикистон инъикос гардидааст», — нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Бибигул Гадоева афзуд, ки «ин суханони Пешвои миллат моро руҳбаланд сохта, илҳоми баланди эҷодӣ бахшид. Миннатдорем аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд ва дар ин давра он ҳунарҳое, ки қариб аз байн мерафтанд, дубора эҳё гардида, рушд ёфтанд».
Ҳунарманди чирадаст изҳор дошт, ки «баргузории чунин озмуну фестивал ва дигар ҳамоишҳо барои мо имкон фароҳам овард, ки маҳсули дасти худро ба намоиш ва фурӯш гузорем. Ман дар деҳа як ғурфаи армуғонҳо таъсис додам. Сайёҳон ва меҳмононе, ки ба ноҳияи мо меоянд, ба инҷо омада, армуғон харида, бо худ мебаранд. Маҳсули дасти мо дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ муаррифӣ гардидааст, ки ин масъулияти моро дучанд мегардонад».
Ба гуфтаи ӯ, «пештар буданд ҳолатҳое, ки занону духтарони ҳунарманд ҳангоми ба фурӯш баровардани маҳсули дасти худ мушкилӣ мекашиданд. Хушбахтона, имрӯзҳо тавассути ингуна чорабиниву форумҳо, ки дар сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар хориҷи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, онҳо имкон пайдо намуданд, ки маҳсули дасти хешро ҳам ба намоиш ва ҳам фурӯш гузоранд.
Ба иттилои номбурда, ҳамасола тариқи Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Кӯшониён аз 40 то 60 нафар занони деҳот ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Баъд аз анҷоми даври омӯзишӣ, онҳо соҳиби шаҳодатномаи касбомӯзӣ мегарданд, ки тавассути ҳунар ва касби азхудкардаашон метавонанд рӯзгори хешро пеш баранд.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳунармандони асил такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро инкишоф диҳанд, ҷиҳати бештару хубтар кардани маҳсули дасти хеш кӯшиш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Ҳунар омӯз…» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ривоҷи ҳунармандӣ дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар асоси онҳо барои ҳунармандон имтиёзҳо муқаррар гардид. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз воситаҳои муассири муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Тавассути маҳсулоти офарида ва ба фурӯш баровардани онҳо, ҳунармандон на танҳо сатҳу сифати зиндагии худро боло мебаранд, балки дар рушди сайёҳӣ дар мамлакат низ саҳм мегузоранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






