Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ҷаҳонро атрофи масъалаи об муттаҳид намуд»

Июль 17, 2024 16:29

ДУШАНБЕ,17.07.2024/АМИТ «Ховар»/. «Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки моҳи марти соли 2023 бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, ҷаҳонро атрофи масъалаи об муттаҳид намуд»,- чунин гуфт Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 16 июл дар Ню Йорк дар чорумин ҳамоиши солона ва махсус доир ба Ҳадафҳои рушди устувор ҲРУ/SDG 6 ва Рӯзномаи амал оид ба об.

Тавре дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чорумин ҳамоиши солона ва махсус доир ба Ҳадафҳои рушди устувор ҲРУ/SDG 6 аз ҷониби ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид – об (UN Water) дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) гузаронида шуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон афзуд, ки ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Раванди оби Душанбе» давоми ду даҳсола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои худ дар Рӯзномаи амал оид ба об, уҳдадор шудааст, ки «Раванди оби Душанбе»-ро ҷиҳати пайгирии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 2023, бахусус, барои дастгирии татбиқи он истифода барад.

Гуфта шуд, ки раванди мазкур ҳамчун як платформаи муколама байни ҷонибҳои манфиатдор хидмат хоҳад кард ва Тоҷикистон омода аст, ин равандро минбаъд густариш диҳад.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии «Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо» саҳми молиявии худро гузошт.

Далер Ҷумъа иштирокдорони ҳамоишро барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС:Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2024 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад