ЗАРДОЛУИ ТОҶИКИСТОН. Содироти ин мева сол то сол меафзояд
ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи июни соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор тонна меваи тару тоза ба хориҷи мамлакат содирот шудааст, ки 2,7 ҳазор тоннаи онро зардолу ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Инчунин то санаи мазкур аз ҷумҳурӣ беш аз 34 ҳазор тонна хушкмева содирот гардидааст, ки 13,8 ҳазор тоннаи он зардолуи хушк мебошад. Содироти меваи хушк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 ҳазор тонна ва зардолуи хушк 7,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон боғҳои зардолу васеъ гардида, кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то моҳи июн 16 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 тонна зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки зардолупарварӣ яке аз бахшҳои рушдёфтаи боғдорӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Имрӯз зардолу ҳам дар шакли тару тоза ва хушк дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Дар айни замон ҷамъоварӣ, коркард ва содироти зардолу аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1991 майдони умумии боғи зардолу дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор гектарро ташкил менамуд. Соли 2024 майдони умумии боғи зардолу ба 64 ҳазор гектар баробар шудааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон майдони умумии боғи зардолу 34 ҳазор гектар васеъ шудааст.
Дар дунё 1600 навъи зардолу мавҷуд аст, ки қариб 120 намуди он дар Тоҷикистон парвариш мешавад, ки 90 намуди он ба ноҳияҳои Конибодом ва Исфара рост меояд.
Ба зардолупарварӣ асосан ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон- Ашт, Исфара, Конибодом ва Хуҷанд машғул мебошанд. Ин ноҳияҳо бештар аз 64 фоизи ғулинги Тоҷикистонро истеҳсол менамоянд, зардолузори ин ноҳияҳо қариб 78 фоизии масоҳати умумии боғдориро фаро мегиранд.
Дар шимоли Тоҷикистон асосан навъи зардолуҳои аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, бинигорӣ, мирсанҷалӣ, тоҷxибоӣ, бобоӣ, руиxонон (сурх), лола, лоларух, учма (сурх, сафед), боқитаппак, обак, маҳтобӣ, луччак, ҷавпазак, шишахурмоӣ, субҳонӣ, нишонбойӣ, қандак, моҳтобпазак, пешпазаки самарқандӣ, арзаникатта, августпазаки бегоҳӣ, исфарак, ниёзӣ, абрикос, ширпайванд, хасак ва ғайра парвариш карда мешавад. Ин навъҳо барои хушккунӣ, истеъмол дар ҳолати тар ва омода кардани муррабою шарбат мусоид мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд
Дар Латвия дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Агентии инноватсия барои таҳияи платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ озмун эълон менамояд
Ҳамкории молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ду корманди «Амонатбонк» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» гардиданд
Дар Палатаи ҳисоб Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар пешгирии экстремизм шарҳ дода шуд
Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад






