15 довталаб барои таҳсил дар Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи Москва имкони таҳсил дорад
ДУШАНБЕ, 19.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зиёда аз 30 довталаб аз рӯйи ихтисоси маҳорати актёрӣ дар соҳаи синамо барои дохил шудан ба Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва имтиҳон месупорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Тибқи нақшаи қабул, 15 довталаб имкони ба ин донишкада дохил шуданро дорад.
Барои довталабон донистани забони русӣ ҳатмӣ буда, ба шахсоне, ки забони англисиро медонанд, бартарият дода мешавад.
Муҳлати таҳсил тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чор сол ройгон буда, донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд.
Ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд додани соҳаи синамои тоҷик тақвият меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






