33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 4 пули мошингузар ва бинои иловагии мактаб сохта мешавад

Август 26, 2024 18:30

ВАҲДАТ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат  4 пули мошингузар, 3 пули пиёдагузар, дӯкони оҳангарӣ, маркази хизматрасонии Ҳақназар Саидов, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 ва тарабхонаи замонавӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус раиси Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Пулҳои мошингузар ва пиёдагузари деҳаҳои Шоразми як ва ду ва Чорбоғи як ва ду дар натиҷаи офатҳои табиӣ пурра хароб гардида, рафтуомади сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ тавассути онҳо мушкил гардида буд. Хушбахтона, бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон ба маблағи 973 ҳазор сомонӣ пули деҳаи Шоразми як ва ду бо иқтидори 60 тонна бунёд гардид. Пули мошингузари деҳаи Чорбоғ ба маблағи 436 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон ва сокинон баҳри бартараф гардидани норасоии ҷойи нишаст бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №81 иборат аз 4 синфхона ба истифода дода мешавад, ки бо лавозимоти замонавӣ ва мизу курсии нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани соли нави таҳсил ва дарси сулҳ ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат аз ҳисоби соҳибкорону сокинони ҷамоат таъмири пурра гардида, бо мизу курсии нав таъмин ва ба соли нави таҳсил омода мебошанд.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 67 иншоот сохта мешавад.

То имрӯз 37 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти боқимонда идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд