«ҚАДРШИНОСИИ ҲУНАРИ АСИЛ». Моҳи октябр Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад

Август 4, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил»  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 то 18 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Мақсади он аз дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» иборат мебошад.

Дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин ба барномаҳои гуногуни он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, метавонанд пешниҳод гарданд.

Филмҳо дар қолаби МР-4 (Н 264), DCP ё бо шакли электронӣ ба забони асл бо зерматнҳои англисӣ ва русӣ дар суроғаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ё почтаи элетронии tajikfilm@gmail.com то 1 сентябри соли 2024 қабул карда мешаванд.

Барои муайян намудани беҳтарин филмҳо дар бахшҳои «Озмунҳои миллии филмҳо» ва тақдими ҷоизаҳо ба онҳо ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ва миллӣ иборат аз муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажуҳишгарони фарҳанги синамоӣ ва намояндагони гуногункасби синамо даъват мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Август 4, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд