Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмун барои дарёфти мансабҳои зерини холии маъмурӣ: сардори Раёсати гузариш ба низоми рақамӣ, сардори Раёсати танзими ҳукумати электронӣ, сардори Раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ, сардори Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ, сардори раёсати банақшагирӣ ва котибот эълон шудааст.
Барои довталабони ишғоли мансаби сардорони раёсатҳо талаботи зерин ҳатмӣ аст: 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд; донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд ва маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47, шуъбаи кадрҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ бинои “Тоҷиксодиротбонк”).
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-02-42, 221-00-61.
АКС аз манбаъҳои боз








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






