Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҷараёни баргузории он дар Ҳисор шинос шуд

Август 22, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар шаҳри Ҳисор бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Қобилҷон Хушвахтзода дар китобхонаи марказии шаҳр бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни озмун суҳбат намуд. Аъзои ҳайати ҳакамонро даъват намуданд, ки ба донишу малакаи довталабон шаффофу одилона баҳо гузоранд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр имтиёзҳо фароҳам овардааст. Ҳамзамон довталабони соҳибистеъдод ва забондон барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 22, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад